12.02.2026. Н. ШУҒНОН

Бо мақсади амали намудани нақшаи муштарак дар самти корҳои идеологӣ вохурии аъзои гурӯҳи ноҳияи Шуғнон бо сокинони деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов баргузор карда шуд.

Масъулин дар баромадҳои худ оиди тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳамдилию ваҳдатгароӣ, баланд бардоштани ҳисси хизмат ба Ватан-Модар дар дили ҷавонон диёр, адо намудани хизмати ҳарбӣ, иҷрои талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,”Риояи забони давлатӣ” масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстромизм, ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, арҷгузорӣ ба урфу одатҳои миллӣ, риояи фарҳангӣ либоспӯши миёни занону духтарон, фарогирии сокинон ба шуғли пурмаҳсул, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтииои ва дигар масъалаҳои рӯзмара андешаронӣ карда шуд.