Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имруза ба ҳисоб меравад .Имруз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ иқтисодӣ ва сиёсиро барои давлатҳои ҷаҳон эҷод менамояд.Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза ба тероризм,таҳдиди амалҳои нави терористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.Дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии гуруҳои терористи,инчунин маблағгузории онҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои махсус мушоҳида мегардад.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати Сарони давлатҳо дар шароити имруза ин мубориза бар зидди эксттремизм ва терроризм мебошад.Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талашҳо омадааст:《Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр,демократи,ҳуқубунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳони буда,дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад》

Имруз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харбиовар идома дошта боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷбори,бекорӣ,гуруснаги ва шиддат гирифтани прблемаҳои дигари иҷтимои гардидаанд. Тероризм ва экстремизм беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо иқибатҳои даҳшатбору беҳрамонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад онро мо қабул надорем,чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шарвандро поймол мекунад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда,ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунад.Ба муқобили ин вабои аср бояд ҳама мубориза барем.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.Айни замон гуруҳҳои террористии ба ном 《Давлати исломӣ》,《Ҳизб-ут- таҳрир》,《Ҳизбуллоҳ》,《Ал-қоида》,《Боко-ҳарам》,《Толибон》ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд мақсади асосии ин гуруҳои терористи пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.

Зикр намудан ба маврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнати қарор доранд,ки яке аз ҷанбаҳои асосии ҷалби онҳо аз ҷониби муболиғони гуруҳои терористӣ ва экстремисти ба ҳисоб меравад .

Вобаста ба гуфтаҳои боло ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди эктремизм ва тероризмро яке аз адафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, экстремизм ва тероризмро шадидан маҳкум менамоянд.Инчунин барои ҳивзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаянд ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дасигирӣ мекунанд.

Имруз яке масъалаҳои муҳим ва ногуворе,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.Тероризм ва ифротгарои яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имруза ба шумор меравад ,зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ва ё зуроварӣ,расонидани зарари вазнин, бенизоми, тағири сохти конститутсионӣ дар мамлакат,ғаспи ҳокимят ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои милли, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар олами муосир хатари тероризм ва гуруҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиесӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо,харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногунӣ ҷомеашиносӣ мавриди омузиш ва таҳқиқи илми қарор гирифтааст.Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда,баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алаҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда,ҳануз аз замоҳои қадим бо ин усул қувваҳои гуногуни сиёси ва ҷамъяти барои ҳокимият талош дошта, даст ба зури, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.Қуваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.Барои ба адафҳои сиёси расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эҳтиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонидани мешаванд, ки сиёсати давлат бар зидди ақидаҳои динии онҳост.Маҳз ба ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.Экстремист шахсест, ки дар фоъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундрави аст.Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон -дар дин,сиёсат ,идиалогия илм ва ҳатто дар варзиш низ ба амал ояд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲДИ-и н Шуғнон. Лутфишоева Бунавша