Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, имруз дар толори хурд аз ҷониби кормандони Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон машғулияти идоравӣ оид ба татбиқи “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030” гузаронида шуд. Зимни машғулият ба кормандон аҳамияти риояи меъёрҳои забони давлатӣ, истифодаи дурусти он дар ҳуҷҷатгузорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги нутқи хизматӣ фаҳмонида шуд. Ба иштирокчиён ҷиҳати истифодаи дурусти забони адабӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































