16 феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил машварати корӣ баргузор гардид.

Дар он муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар кори машварат як қатор масъалаҳои муҳим

1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 1 феврали соли 2023 №53, қарори раиси вилоят аз 16 январи соли 2023, № 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №203 “Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”;

2. Рафти омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шуғнон

3. Ахбороти мудири бахши коргузорӣ, назорат ва мурољиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои супориши протоколи машварати назоратии раиси ноњия аз 19 январи соли 2025 ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни кори машварат ҳисоботи шахсони масъул оид ба масъалазҳои зикршуда шунида шуд.

Дар охири кори машварат раиси ноҳия муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдор барои дар амал тадбиқ намудани масъалаҳои дар боло зикргардида, инчунин оид таҷлили сазовори Ҷашнҳои дарпешистода, ва вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.