Дар вохӯрӣ асосан кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд. Зимни баромадҳо таъкид карда шуд, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир буда, муқовимат ба онҳо танҳо бо роҳи ҳамкории зичи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни шаҳрвандон имконпазир аст.
Қайд гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамчун қишри фаъолу таъсиргузори ҷомеа метавонанд дар пешгирии андешаҳои ифротӣ, тарбияи маънавии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ нақши муҳим гузоранд.
Дар фарҷом иштирокдорон изҳор доштанд, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ вазифаи дастаҷамъона буда, ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи амният, субот ва ваҳдати миллӣ саҳми худро гузорад.

















































































































































































































































































































































































































































































