Дар тӯли 33 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурифтихору пурмасъулиятро тай намуда, ба неруи тавоно ва муназзами ҳифзи истиқлолу амнияти давлат табдил ёфтаанд. Таърихи таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ бо даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият, кишвар бо мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити ҳассос зарурати таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Бо ибтикор ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқиву моддӣ барои таъсиси Артиши миллӣ фароҳам оварда шуданд. 23 феврали соли 1993 ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини давлатдорӣ сабт гардид ва аз ҳамон давра ин ниҳод ба мактаби ҷасорат, ватандӯстӣ ва садоқат табдил ёфт.
Дар солҳои аввал Қувваҳои Мусаллаҳ дар шароити ниҳоят мураккаб фаъолият мебурданд. Норасоии техника, таҷҳизот ва кадрҳои баландихтисос мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамуд. Бо вуҷуди ин, афсарону сарбозони содиқ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият марзу буми кишварро ҳифз намуда, барои барқарорсозии сулҳу оромӣ саҳми арзанда гузоштанд. Маҳз фидокориҳои онҳо заминаи таҳкими сулҳ ва суботи минбаъдаро фароҳам овард.
Вақте сухан дар бораи артиш меравад, беихтиёр ҷавонон пеши назар меоянд, чунки маҳз онҳо тақвиятбахши ин ниҳоданд ва метавонанд бо итминон ибратомӯзи қаҳрамониву ҷоннисориҳои аҷдодони гузаштаамон бошанд. Дар ҳақиқат номуси меҳанпарастиро имрӯз мо метавонем дар симои ҳар як ҷавони далеру шуҷоъ дарёбем ва бо боварии комил худро артишдор гӯем, зеро фидокории родмардони Ватан дар ҳифзу ҳимояи марзи кишвар эҳсос мешавад.
Боиси ифтихору хушнудист, ки садҳо нафар ҷавонони бо нангу номуси ноҳияи Шуғнон мо низ ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар бо сарбаландиву бошарафона адо менамоянд.
Таҷдиди инфрасохтор, бунёди қисмҳои ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити хизмат ва ҷорӣ намудани барномаҳои муосири омӯзишӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим мебошанд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ дорои неруҳои замонавӣ буда, қобилияти мудофиавии кишварро дар сатҳи баланд таъмин менамоянд.
Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад
Бо ин муносибат бо як эҳтироми руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ тамоми мардуми шарафмади ба ору нанги тоҷикро ба Ифтихори 33-умин солгарди Артиши Милли шодбошу муборакбод гуфта, баҳратон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоиштаро тамано дорам. Иди Артиши Милли муборак!
Собиров Раҳматулло мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон

















































































































































































































































































































































































































































































