Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру идоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил як гуруҳ оилаҳои ниёзманд аёдат гардида, ба онҳо кӯмаки яквақта расонида шуд.
Дар суҳбат бо аёдатшудагон роҳбарияти ноҳия аз ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдоварӣ намуда, зикр дошт, ки оилаҳои камбизоату ниёзманд ва ятимону маъюбон ҳамеша зери назорату таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аёдатшудагон миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат баён намуданд ва дуои онро доштанд, ки кишвари азизу маҳбубамон ҳамеша орому осуда бошад.

















































































































































































































































































































































































































































































