Бо мақсади сазовор таҷлилил намудани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагии иншооти иҷтимоӣ, раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар раиси ноҳия аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу фарҳанг, аз ҷумла корҳои сохтмонии Кӯдакистон ва хонаи фарҳангии деҳаи Сохчарв ва дигар иншооти иҷтимоӣ дидан намуда, бо масъулини соҳа ва сохтмончиён суҳбат анҷом дод.
Ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд, риояи муҳлатҳои муайяншуда ва истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия бо сокинони ҷамоат мулоқот намуда, оид ба масъалаҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва дигар хизматрасониҳо мубодилаи афкор анҷом дод. Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маҳаллӣ ба шумор меравад.
Сафари корӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи созандагӣ анҷом ёфт.

















































































































































































































































































































































































































































































