Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо сокинони шарафманди ноҳияи Шуғнонро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмату мағфират, сабру таҳаммул, покизагии қалбҳо ва тақвияти арзишҳои волои инсонӣ мебошад. Ин моҳи муборак моро ба накӯкорӣ, эҳтироми якдигар, дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят месозад.

Бигзор фазилатҳои ин моҳи шариф дар қалби ҳар яки мо меҳру муҳаббат, сабру қаноат ва эҳсоси масъулиятро тақвият бахшанд. Орзумандам, ки ҳар як хонадони ноҳияро сулҳу сафо, баракату фаровонӣ ва тандурустиву саодат ҳамроҳӣ намояд.

Мо бояд шукрона кунем, ки давлати озоду Ватани обод дорем ва аз баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар фазои осуда зиндагӣ мекунем.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои хайри шахсони саховатпеша, ки дар бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зисти худ, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад, ки аз баракати он худи шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва аҳли хонадони онҳо ба таври доимӣ баҳравар мегарданд.

Бовар дорам, ки чунин раванди неку созанда дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати бештар пайдо мекунад ва мо ин ҷашни бузурги миллиамонро дар шароити орому осудаи Ватанамон ва зиндагии аз имрӯза хеле беҳтар истиқбол мегирем.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба мардуми шарафманди кишварамон табрик гуфта, барои ҳар як сокини мамлакат хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастиву имони комил ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад!