Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои МусаллаҳиҶумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳифзи марзу бум яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ шуморида мешавад, ки он аз ҳар фарди ватандӯсту соҳибватан ҷонфидоиро талаб мекунад. Бевосита метавон дар ин раванд аз суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки пайваста мо соҳибватанонро ба соҳибмаърифатӣ ва ҳушёриву зиракӣ даъват карда, таъкид мекунад,ки “вазифаи аз ҳама муҳим -ҳимояи марзу буми кишвар,таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа,пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волояти қонун ва тартиботи ҷамъятӣ ба зимаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардида аст” Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди фароҳамоварии чунин шароитҳо мунтазам моро таъкид месозанд,ки “дар ҳолати таёрии доимии ҷанги қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо мебошад” Дар оғози солҳои 90-ум вазъи сиесӣ дар кишвар муроаккаб буд ҷанги шарванди барои миллат имтиҳони сангин гардид.Маҳз дар чунин шароит Артиши Миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат шакл гирифт.Сарбозону афсарони ҷавон бо вуҷуди камбудии имкониятҳо бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандустӣ ба ҳифзи суботу ороми бархостанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои волои роҳбарию роҳнамоӣ ба бунёди давлати неруманд, устуворона камар бастанд. Дар муддати хеле кутоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қуваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуд ва пас аз ҳамаги 2 моҳи ба имзо расидан 23-уми феврали соли 1993 нахустин расми гузаштиӣ низоми баргузор гардид. 33 сол ин танҳо як санаи таърихи нест,балки марҳилаи пурифтихори ташаккул таҳким ва камолоти ниҳоди муҳими давлатдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз рузи таъсисёби то имруз Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат,кафили суботу амният ва рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии кишвар хизмат намуда истодааст. Таъсиси қувваҳои мусалла қадами сарнавиштсоз дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолият ба ҳисоб мерафт. Зеро давлате,ки артиши миллӣ надорад, наметавонад,соҳибихтиёри ва тамомияти арзии худро пурра ҳифз намояд.Аз ҳамин ҷост,ки 23 феврал ҳамчун рӯзи таҳсисёбии Қувваҳои Мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои зарин сапт гардидааст. Имруз Қувваҳои Мусаллаҳ воқеан сипари боэътимоди давлат,кафили истиқлолият, ваҳдат ва амнияти миллӣ мебошад.Бо такя ба таҷрибаи ғани,иродаи сиёси ва дасгирии мардум,Артиши миллӣ минбаъд низ рисолати муқаддаси худро-ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон бо сарбаланди иҷро хоҳад кард.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Шуғнон