Санаи 19.02.2025 дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон бо иштироки гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати мушовири Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳамоҳангсози Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, рӯзноманигори варзидаи Идораи телевизиони Бадахшон Муштари Асламшоева, Раҳимов Сарафроз Аҳмадович ёрдамчии прокурори ноҳияи Шуғнон ва муовини раиси муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ вохӯрии судманд бо усули деҳа ба деҳа бо сокинони деҳаи Навобод баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокчиён оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ибрози назар намуданд.

















































































































































































































































































































































































































































































