Санаи 20 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи корӣ назди раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо ширкати муовини якум, муовинон, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия ва дигар мақомотҳои дахлдори ноҳия доир гардид.

Дар ҷаласа ахбороти Комисари ҳарбии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оид ба омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ шунида шуд.

Роҳбарияти ноҳия масъулинро барои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарони синни даъват вазифадор намуда, ба раисони ҷамоатҳои деҳот супориш дода шуд, ки то санаи 1 апрели соли 2026 аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ба муоинаи пешакии тиббӣ пешниҳод намуда, барои дар санаи муайяншуда сафарбар намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷом раисони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолон барои пурсамар ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни даъватшавандагон ва волидайни онҳо ва таъмини саривақтии нақшаи даъвати баҳорӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.