Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурию ҷойҳои корӣ ва шоҳроҳи асосии ноҳия ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон гузаронида шуд.
Дар ин робита, дар ҳудуди ноҳия ва гирду атрофи тамоми бинову иншооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва ҷамоатҳои деҳоти он низ ҳар ҳафта шанбегиҳо бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ва ифтихори ватандориву хештаншиносӣ гузаронида мешаванд.
Санаи 21.02.2026 чунин ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо иштироки тамоми кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ба ору номуси Шуғнонзамин гузаронида шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона тамоми кормандони идораву муассисаҳои ноҳия, сокинон гирду атрофи тамоми идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шоҳроҳи байналмиллалиро тозаву озода намуданд.

















































































































































































































































































































































































































































































