Санаи 21 феврали соли равон Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аёдати сарбозон ба дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Сохчарви Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов ва дидбонгоҳи сарҳадии Нишуспи Ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозов ташриф оварда, ҳайати шахсӣ, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватанро табрику муборакбод намуданд.

Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни суханронии хеш ҳайати шахсии дидбонгоҳҳои ҳарбиро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон хизмати софдилонаву содиқонаро дар осмони софу беғубори Ватани маҳбубамон таманно кард. Роҳбарияти ноҳия дар суҳбат бо афсарон ва сарбозон изҳор дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубош дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардида, ҷавобан ба ин ғамхориҳо нақши афсарону сарбозон дар ҳимояи марзу буми кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ басо назаррас мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми чорабини Афсарону сарбозон барои хизматҳои шоён ва содиқ ба Ватан бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ гардиданд.

Инчуни дар 5 дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳия низ чунин чорабиниҳо бо иштироки муовини якум, муовинон баргузор гардида барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабиниро бошад, ҳофизи умедбахшу шинохтаи бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои марғуб хотирмон сохта, ба афсарону сарбозон фараҳу шодӣ бахшид.