Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати кӯтоҳ таърихи ҷузъу томи он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунем. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштанд.
Таи солҳои истиқлолият фаъолияти артиши миллӣ рӯзҳои сахту сангинро пушти cap карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромию осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи бузурги низомӣ, артиши қудратманди Тоҷикистони азизамон саҳми босазо гузоштаанд.
Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол солгарди таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.
Артиши миллй ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлати, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Ҳар сол рӯзи 23 феврал дар ҷумҳурии мо ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан ё Рӯзи артиши милли ҷашн гирифта мешавад. Суоле ба миён меояд, ки чаро на рӯзҳои дигар, балки маҳз рӯзи 23 февралро Рӯзи муҳофизони Ватан ном додаанд?
Аз санадҳои таърихӣ маълум мегардад, ки ин ҷашн бо чанд ном дар таърих боқӣ мондааст:
– Рӯзи Артиши Советӣ;
– Рӯзи Артиши Сурх;
– Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
Ҳамин тавр, баъд аз ғалабаи шӯриши яроқнок дар Петроград, санаи 24-25 октябри соли 1917 (аз рӯи тақвими имрӯза 7-8 ноябри соли 1917) ба ҷумҳурии ҷавону тозабунёди Шӯравӣ қувваҳои зиддиинқилобӣ ҳамла намуданд. Ҳукумати Шӯравиро зарур буд, ки алайҳи онҳо муборизаи оштинопазирро оғоз намояд. Дар он замон ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳокимияти Шӯравиро фақат отрядҳои Гвардияи сурхи сарбозон ва маллоҳони инқилобӣ ташкил медод. Ҳокимияти Шӯравӣ бо мақсади ҳимояи давлати тозабунёди Шӯравӣ аз Олмони кайзеровӣ ба ташкили артиши муназзаму доимоамалкунандаи худ шурӯъ намуд. Санаи 15 январ (бо солшумории нав 29 январ) – и соли 1918 Раиси Шӯрои Комиссариатҳои халқ В.И.Улянов (Ленин) Декрет «Дар бораи ташкили Флоти ҳарбии коргару деҳқон»-ро имзо намуд. Баъдтар санаи 29 январ (бо солшумории нав 11 феврали ҳамон сол Декрет «Дар бораи ташили Артиши сурхи коргару деҳқон»-ро низ ба тасвиб расонид.
18-уми феврали соли 1918 қӯшунҳои ҳарбии олмонию австриягӣ (39 дивизияро ташкил медод) ва туркӣ, аҳдномаи оштии 2 (15) декабри соли 1917 басташударо шикаста, ба давлати тозабунёди Советӣ ҳамла намуданд ва ба истило намудани Украина, Белорусия ва минтақаҳои назди Балтика оғоз карданд. Рӯзи 21 феврали ҳамон сол қӯшунҳои олмонӣ шаҳри Минскро ишғол намуданд. Дар ин рӯз Ҳукумати Шӯравӣ бо шиори «Ватани сотсиалистӣ дар хатар» ба аҳолӣ муроҷиат намуд. Аҳолӣ оид ба муроҷиати роҳбарияти Ҳукумати Шуравӣ бетарафӣ зоҳир нанамуданд ва ихтиёран яко як ба сафи Артиши сурх дохил гардиданд.
Рӯзи 23-юми феврали соли 1919 дар шаҳри Петроград рӯзи Артиши сурх таҳти шиори ҳимояи Ватани сотсиалистӣ аз «қӯшунҳои кайзеровӣ» (дар санадҳои он замона вожаҳои «немисӣ» ё «олмонӣ» истифода нашуда, танҳо вожаи «кайзеровӣ» ном бурда мешуд) баргузор гардид. Дар иҷлосияи Шӯрои петроградии депутатҳои артиши коргару деҳқон, ки ба солгарди ташкили Артиши коргару деҳқон бахшида шуда буд, бо маърӯзаи шодбошӣ Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ Я.М. Свердлов баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Артиши сурх, қабл аз ҳама бар зидди душманони хориҷӣ таъсис дода шуда аст.
Аввалин маротиба, соли 1923 ба ифтихори «Рӯзи Артиши сурх ва флот» фармони Шӯрои инқилобии ҳарбии Ҷумҳурӣ интишор карда шуд. Баъдтар Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ, ҷиҳати муштарак намудани солгарди Артиши сурх боз бо як чорабинии таблиғотӣ-яъне «Рӯзи туҳфаи сурх» тасмими тозае гирифт. Ба зудӣ рӯзномаи овозадори «Правда» меҳнаткашонро бо хабари тозаро нашр намуд: «Таҷлили Рӯзи туҳфаи сурх дар тамоми ҳудуди Ҳукумати Шӯравӣ ба рӯзи 23 феврал гузаронида шуд.
Солгарди Артиши миллӣ муборак, родмардони бонангу номуси Ватан!
Директори МТМУ №11-и ноҳияи Шуғнон Давлатова Ф.Ё.

















































































































































































































































































































































































































































































