Бахшида ба 33-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон модарон ба аёдати сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадии мустақар дар ноҳияи Шуғнон омада, онҳоро бо идашон табрик намуданд.

Модарони мушфиқу меҳрубон сарбозонро табрик намуда, изҳор доштанд, ифтихор мекунанд, ки фарзандонашон ҳимоятгари Ватананд ва хоби осудаи хурду бузурги кишвар ба матонату садоқати онҳо вобаста аст.

Сарбозони шуҷои кишвар ба модарон ҷиҳати қадрдонӣ миннатдорӣ баён карда, изҳор намуданд, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.