табрикотии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худбердӣ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатамон мебошад, сиву се сол сипарӣ мегардад.

Дар тӯли ин солҳо ин ниҳоди муҳимми давлатдории навинамон масири хеле сангин, вале пурифтихорро тай ва рисолату масъулияти бардӯшдоштаро сарбаландона иҷро намуда, ҳамчун муҳофизи қавӣ ва боэътимоди марзу буми Ватани маҳбуб, ҳомии устувори сулҳу суботи давлату миллат фаъолияти пурсамар дорад.

Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва дар симои Шумо кулли родмардону собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо ин санаи муборак аз номи Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шахсан аз номи худам самимона табрику таҳният менамоям!

Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, он ба иди умумихалқӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар саросари Ватани азизамон, онро бо як шукӯҳу шаҳомати бепоён таҷлил намуда истодаанд.

Таърихи давраи соҳибистиқлолии кишвар гувоҳ аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон дар шароит ва вазъияти хеле вазнин таъсис ёфта, ҷузъу томҳои навтаъсис аз майдони гузашти ҳарбӣ ба майдони дифоъ аз соҳибистиқлолии давлат, сохти конститутсионӣ, анъанаву арзишҳои воло ва нангу номуси миллӣ раҳсипор шуданд.

Бо вуҷуди мушкилоти ҷиддии таъминот, таҷрибаи нокофӣ ва дигар норасоиҳо, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои навташкил, бо дарки масъулияти баланди хизматӣ ва идроки рисолати худ дар назди миллат, шуҷоъатмандона тавонистанд, ҳадафҳои нопоки бадхоҳони дохилию пуштибонони хориҷии онҳоро барбод диҳанд.

Ҷоиз ба қайди махсус аст, ки таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш, Пешвои сулҳофари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи роҳандозии дипломатияи муваффақ, артиши кишвар яке аз омилҳои истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Маҳз садоқату ҷасорат ва фидокориву ҷоннисории генералҳову афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳдар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амнияти мамлакат буд, ки дар Тоҷикистон сулҳ барқарор ва мамлакат ба маҷрои созандагӣ ворид гардид.

Зимнан зикр бояд кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо нафар генералҳову афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу амният барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафари дигар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардиданд.

Ҳодисаҳои нохуши дар сарҳади ҷанубии кишварамон рухдода, моро ҳушдор медиҳанд, ки набояд фориғбол буд. Балки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан тамоми ҷамъият бояд дар паҳлуи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бошад.

Аз ин рӯ, Ҷаноби Олӣ дар Паём дастур доданд, ки: “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматичиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Мо шароити онҳоро сол аз сол беҳтар карда истодаем, лекин боз ҳам дар ин самт кор кунем, шароити дараҷаи олии ҳам хизмат, ҳам зиндагиро бояд муҳайё намоем ва ҳам мутахассисони сатҳи баланди касбии низомӣ омода намоем”.

Сарвари ғамхори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба фаъолият ва корнамоиҳои афсарону сарбозон ва беҳбуди шароити кории онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун “фарзандони далеру шуҷоъ” номбар мекунанд ва ба нақши муҳими онҳо дар пешрафти устувори Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳанд.

Тамоми ҷомеаи Тоҷикистон, баҳри таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35 –умин солгарди Истиқлоли давлатӣ саъю кӯшиш намуда, ба муносибати ин санаи фархунда дар тамоми гушаву канори Тоҷикистони биҳиштосоямон корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд.

Бо итминон метавон гуфт, ки таҳти ҳидоятҳои Сарвари оқилу дурандеш, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар ин соли таърихӣ ба дастовардҳои бузург ва арзанда мушарраф мегарданд.

Бо изҳори ин эътимод ва ниятҳои нек, бори дигар, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанонро ба ифтихори 33-юмин санаи таъсисёбии ин рукни зарурию муҳимми давлатро муборакбод намуда, ба ҳамагон тансиҳатӣ, рӯзгори неку осуда, сулҳу суботи абадӣ ва музафариятҳои нав ба навро таманно дорам.

Ҷашн муборак, родмардони шуҷои Ватан!