Муҳтарам афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Санаи 18-уми декабри соли 1992 фармони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар муддати ду моҳ, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби нерӯҳои ватандӯсти миллат, ки ба дифоъи сохти конститутсионии давлат бархоста буданд ва дар майдони ҳарб бо қувваҳои вайронкори дохилию зархаридони хориҷӣ муборизаи беамон мебурданд, воҳидҳои нахустини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони навистиқлол таъсис ёфтанд. Расо 33 сол муқаддам ҳамин воҳидҳо бо гузашти низомӣ аз майдони марказии пойтахти Ватани маҳбубамон–шаҳри Душанбе гузаштанд ва ин рӯзро Ҳукумати мамлакат расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.

Аз ин рӯ, бо самимияти хоса, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва шахсан аз номи худам ҳайати шахсӣ ва сарбозони кулли ҷузъу томҳои мустақари ноҳия ва умуман ҳамаи хизматчиёни ҳарбию собиқадорони Қуваҳои Мусаларо-ро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, барои ҳамагон саломатӣ, комёбӣ ва дар пешбурди фаъолияти касбӣ мувафаққиятҳои беназирро таманно дорам!

Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ба сифати яке аз сутунҳои қавии давлат дар марҳилае таъсис ёфтанд, ки қувваҳои зиди Ҳукумати конститутсионӣ, бо таҳрики бадхоҳони миллат аз хориҷи кишвар, баҳри роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар қисмати бузурги мамлакат барафрӯхта буданд. Ҳукумати конститутсиониро зарур буд, ки аз як ҷониб, аз тариқи гуфтушунид бо ҳамаи нерӯҳои солимфикр роҳи паҳншавии минбаъдаи ҷанги шаҳвандиро гирифта, гурезаҳои иҷбориро ба зодгоҳ баргардонад, аз тарафи дигар, муборизаро бо гуруҳҳои силоҳбадаст ва ифротгароёну ҷинояткорони ашаддӣ ба роҳ монад. Бо сипосгузорӣ тазаккур медиҳем, ки Қувваҳои навтаъсиси Мусаллаҳамон аз уҳдаи ин ва дигар вазифаҳои мубрам, дар ҳамдастии зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният ва умуман мардуми Тоҷикистон, сарбаландона баромаданд. Ба маънои том метавон гуфт, ки ҚМ мамлакат аз кӯраи оташи ҷанги шаҳвандӣ баромада, обу тоб ёфтанд. Ҳодисаҳои минбаъдаи дар сарҳадот бавуқуъомада ва ошӯбҳои зиддидавлатии дохилӣ собит намуданд, ки Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон воқеъан кафили боэътимоди мудофиавии Ватанамон буда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиямонро посдору муҳофиз мебошанд.

Маврид ба зикри махсус аст, ки дар таъсису ташаккул ва таҳкими пояҳои моддию таҷҳизотӣ, техникиву кадрии Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми Пешвои фидокори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.

Пешвои муаззами миллат ҳамон рӯзҳоро ёдовар шуда, қайд мекунанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол барои таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ягон заминае надошт. Давлати мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягон техикаву таҷҳизотро ба мерос набурд. Барои ҳамин, Ҳукуматро, тавре ки зикр гардид, зарур омад, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар заминаи нерӯҳои ватандӯст, ки таҳти сарварии Роҳбари ҷавони давлат ба ҳифзи номуси миллат бархоста буданд, таҳкурсии Артиши миллиро гузорад. Роҳбари Олии давлат хуб дарк менамуданд, ки новобаста аз имкониятҳои маҳдуд ва мушкилоти сангин, Тоҷикистон боядин рукни муҳимми давлатро устувор созад.

Дар мубориза барои Истиқрори сулҳ дар кишвар Қувваҳои Мусалаҳ таҷрибаи кофӣ бардошта, дар ҳайати онҳо ҷузъу томҳои нав таъсис ёфта, пояҳои кадрии он тавассути ташкили муассисаҳои миёнаву олӣ ва академияҳои соҳавӣ мустаҳкам карда шуд.

Бо таъмини суботи иҷтимоӣ давлати мо шомили созмонҳои бонуфузи байналмилалии таъмини амниятӣ, аз он ҷумла Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гардида, ба ин тариқ, тавассути ширкат дар тамрину машқҳои гуногуни низомӣ ва дигар фаъолиятҳои марбутаи ин созмон омодагии низомӣ ва дифоъии Қувваҳои Муссалаҳи мо бамаротиб боло рафт.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони стратегии худ, тавассути табодули таҷрибаи ҳарбӣ ва омӯзиши мутахассисони варзида, бо дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир, тавонист сатҳу сифати Қувваҳои Мусаллаҳро ба талаботи замон мутобиқ созад. Дар қатори ҳамаи ин тадбирҳо, ҳамчунин вобаста ба таъмини шароити хуби хизматӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, бо ҳидояту дастурҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судманд андешида шуданд.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри ин заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти бузурги таърихи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва фикру андеша, ҳимояву созандагии Ватани азизро ҳамеша дар замир ва ботин дошта бошем.

Дар зимн қайд бояд сохт, ки дар ин росто, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, минҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон низ, дар доираи имкониятҳои мавҷуда, бобати дастгирии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир ҳастанд, мунтазам тадбирҳо амалӣ мешаванд. Чунончи, барои иҷрои дастуру супоришҳои Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи ҶТ оид ба бунёду таъмири дидбонгоҳу посгоҳҳоии нерӯҳои марзбони кишвар, мусоидати моддию маънавии ҳайати шахсии ин воҳидҳои сохторӣ ва умуман сохторҳои дигари ҚМ ва ҳифзи ҳуқуқу амнияти кишвар, МИҲД-и ноҳия ва аҳли ҷамъият корҳои муайянро ба сомон расонданд.

Гуруҳҳои кории мақомоти маҳаллӣ пайваста аз ҳолу аҳволи хизматчиёни ҳарбӣ хабар гирифта, дар дидбонгоҳу посгоҳҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ баргузор карда мешаванд. Дар арафаи ҳамаи ҷашнҳои миллию давлатӣ бошад, ба замми чунин чорабиниҳо, ҳамчунин дастархони идона барои сарбозони Ватан ороста мешавад.

Зимнан бояд гуфт, ки хизмат дар сафи ҚМ аз як ҷониб агар мактаби мардонагӣ ва обутобёбӣ бошад, аз ҷониби дигар сарбозон ҳангоми хизмат на танҳо ҳунари ҳарбӣ, балки ҳунарҳои дигарро низ касб менамоянд, ки дар зинадагии минбаъда барояшон хеле муфид мебошанд. Гузашта аз ин, дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ курсҳои омӯзиши забонҳо ва таърихи миллат фаъолият дошта, дар заминаи онҳо ҳуввияти миллии ҷавонони сарбоз ва умуман ваҳдату ҳамгироӣ байни зодагони минтақаҳои Ватан боз ҳам таҳким меёбад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».

Аз ин рӯ, МИҲД-и ноҳияи Шуғнон минбаъд низ чорабиниҳои муштаракро, аз тариқи сохторҳои, кор бо ҷавонону варзиш, маорифу фарҳанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар ниҳодҳои марбута дар ҳамкорӣ бо комиссариати ноҳия дар дидбонгоҳу посгоҳҳо идома медиҳад. Ҳамчунин, чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои маориф бештар ба роҳ монда мешаванд.

Муҳтарам афсарону сарбозони Қувваҳои Муссалаҳ!

Соли равон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ соли хоса мебошад. Дар ин сол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар ноҳияи Шуғнон, чун дар саросари Ватани маҳбубамон корҳои созандагӣ вусъати калон пайдо менамоянд. Аллакай 92 фисади нақша-чорабиниҳо иҷро ва то 9-уми сентябр боз100 иншооти дигар дар ҷамоатҳои деҳот ба истифода дода мешавад.

Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратии ноҳия анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рўҳияи баланди ватандўстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард.

Дар ин росто месазад, ки суханони пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос овард, ки мегӯянд: “Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Ватан ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ мемонанд ва рисолати фарзандиашонро дар назди Модар – Ватан бо сарбаландӣ адо менамоянд. Ватандўстӣ ва садоқат ба миллат барои ҳар фарзанди мамлакат бояд шиори аслӣ бошад. Чунки танҳо фарзанди ватандуст метавонад, марзу буми кишварро ҳимоя намояд”.

Бо боварии пурра метавон гуфт, ки дастҷамъона, таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои бунёдкори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарифи тоҷик, аз он ҷумла, ҳайати шахсӣ ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар масири бузурги бунёдкорӣ гомҳои устувор гузошта, обрӯи миллат, мақоми давлат ва иқтидори мудофиавию амниятии Тоҷикистонамонро боз ҳам қавию мустаҳкам хоҳем намуд.

Бо ин ниятҳои хайр, бори дигар, ҳамаи ҳамдиёронро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, осмони софу беғубор ва саодати рӯзгорро орзу менамоям!

Идатон муборак, родмардони Ватан!