Имрӯз дар маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар дар даромадгоҳи бинои қасри фарҳанги ноҳия Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва ҳайати расмиро бо шеърҳои ватандӯстона пешвоз гирифтанд.
Сипас бо садо додани Суруди миллӣ раиси ноҳияи Шуғнон ҷамъомадро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23 – юми феврал аз таъсисёбии он 33 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику таҳният гуфт ва доир ба нақшу саҳми бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлоли давлатии кишвар, рукнҳои асосии давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, марҳила ба марҳила ташаккул ва таҳким ёфтанд. Нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат бениҳоят бузург аст.
Дар давоми чорабинӣ бархе аз афсарон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ волидайне ки фарзандонашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд, бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Шуғнон қадрдонии гардиданд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомади имрӯза гардид.































































































































































































































































































































































































































































































