Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона баргузор гардид.

Меҳмононро қабл аз оғози чорабинӣ аҳли ҳунар бо созу суруд дар васфи Модар пешвоз гирифтанд.

Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардида,

дар оғоз раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил Модарони мушфиқу меҳрубон, занону бонувонро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфт.

Роҳбарияти ноҳия зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки модар рамзи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва сарчашмаи зиндагӣ мебошад. Нақши занону модарон дар тарбияи насли солим, таҳкими оила ва рушди ҷомеа махсусан арзишманд арзёбӣ карда шуда, дастгириҳои бонувону занон ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки саҳми бонувон дар рушди самтҳои мухталиф хело назаррас аст.

Дар давоми чорабинӣ дар асоси қарори раиси ноҳияи Шуғнон бонувон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳунармандон баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти Зан-Модар барномаи фарҳангию хотирмонеро намоиш доданд , ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.