Модарону бонувон ва хоҳарони қадришиносу меҳрубон!
Аввалан, шукригузор ва шод аз онем, ки имрӯз боз дар фазои эҳтиром ва сипос ҷамъ омадаем, то аз шахсияте ёдовар шавем, ки ҳастии мо аз ӯ оғоз мегардад. Касе, ки бо шунидани номи он дилҳо ором мегиранд, рӯҳҳо болида мешаванд, қалбҳо пур аз меҳр мегарданд ва ин номи муқаддасу пок- Модар аст. Бешак, модар-сарчашмаи зиндагӣ, рамзи муҳаббати беинтиҳо ва пояи устувори ҷомеа мебошад. Агар ҷомеа боадолат ва пешрафта бошад, пас дар паси он заҳмати шабонарӯзии зан-модар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш бо як самимияти хосаву саршор аз меҳр ақидаашро нисбати зан-модар чунин баён менамоянд:“ Модар ягона мавҷудест ки ҳаёти худро ба хотири фарзанд фидо мекунад ва тамоми умр барои саодату хушбахтии ӯ заҳмат мекашад. Аз ин ру, эҳтироми модар барои ҳар яки мо қарзи муққадасси имонӣ ва виҷдонӣ мебошад ”.
Месазад гуфт, ки дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ, дар зери фазои орому амни кишвари маҳбубамон, шукригузор ва хушҳол аз онем, ки Рӯзи модар бо як самимияту дӯстдорӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.
Имрӯз метавон сарбаландона ва боифтихор ёдрас намоям, ки кӯшишу заҳмату талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар, воқеан, қобили таҳсину ситоишу қадрдонист.
Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои маҳбуби миллат, ба хотири нақши хуб гузоштани занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст. Инчунин ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи бештару беҳтар зоҳир намуда, ташаббусҳои неку созандаашонро пайваста дастгирӣ намуда ва барои амалӣ гардидани онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо камоли ифтихор ва сарбаландӣ метавон қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 60 санади меъёри ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки амалисозии онҳо боиси боз ҳам беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардидааст. Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон барои роҳнамоии миллат ба сӯйи ояндаи дурахшону нек аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон Паём ироа мегардад, ки тибқи супоришҳои дар паёмҳо омада ҳамасола ҳуҷҷатҳои муҳим оиди интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат қабул карда мешаванд.. Аз назарҳо пинҳон нест, ки дар мамлакати соҳибистиқлоли мо Зан-Модар соҳиби мартабаи бузург ва дар ҷомеа мақому манзалати баландеро дорост, ки бениҳоят писанди мардумони кишварҳои пешрафтаи олам гардидааст. Занону бонувони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат, вакили парлумон, инчунин, дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро намуда истодаанд.
Агар имрӯз ба зиндагӣ ва фаъолияти бонувон дар ноҳияи Шуғнон назар андозем, дар ноҳия бонувон дар мақомҳои роҳбарикунанда ба монанди муовини раиси ноҳия 1 нафар, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4 нафар, раисони ҷамоат 1 нафар дар умум 127 нафар фаълолият дошта, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ занон аксарияти кулли кормандонро ташкил медиҳанд. Ба замми ин дар ноҳия 4 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 12 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон мебошанд.
Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, рушди оила, сиҳатии модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занон ба корҳои роҳбарикунанда як қатор барномаҳои давлатӣ, ки дар кишвар аз тарафи Ҳукумат ва Роҳбари Олии давлатамон ба тасвиб расидаанд, дар ноҳия марҳила бар марҳила амалӣ гардида истодаанд. Ба истифода додани кӯдакистонҳои наву замонавӣ, азнавсозиву таъмири пурраи марказҳои инкишофи кӯдак, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, сохтмони гармхонаҳову инкишофи боғдориву чорвопарварӣ ва сохтмони беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ далели гуфтаҳои болост.
Имрӯз ифтихори якояки мост, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада парчами Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд. Ва орзуи дорам, ки миёни ин парчамбардорон шогирдони мову Шумо низ мунтазам ширкат намоянд.
Модарону бонувони азиз!
Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, хусусан, дар арафаи Рӯзи модарон ҳар замоне, ки бонувони кишварамон бо либосҳои шинаму зебо, аз қабили атласу адрасу чакан ва бо нидоҳоҳи форами “Тоҷикона мепӯшем…” аз тариқи шабакаҳои телевизони кишвар садо мекунанд, ҳамагон бовариву умед дорем, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳанги бегона фаъолона саҳми худро хоҳанд гузошт. Албатта, модар хуршеди нурбахшу дарёи меҳр аст. Ин як номи муқаддасе аст, ки бо он зиндагӣ оғоз меёбаду оғӯши ӯ биҳишти рӯйи замин аст. Бузургони олам ҳамеша бо номи ӯ ифтихор доштанду доранд ва дар ҳаққи ӯ суханони хуб, таронаҳои хуб, оҳангҳо ва сурудҳаи хуб сароиданд ва аз симои ӯ нақшҳо ва пайкараҳои хуб офаридаанду тарошидаанд..
Пайғамбари дини мубини ислом, биҳиштро зери қадами мубораки модарон гуфта, меҳру муҳаббати беохири модарро ба фарзанд бо меҳрубонии Худованд баробар донистааст. Инсон дар лаҳзаҳои гарони зиндагӣ аз модар тақозои имдод мекунад ва бовар бар он дорад, ки ӯ роҳи дурустро нишон медиҳад.
Савганди ба шири поку сафеди модар хӯрдан ва гирифтани дуои хайромез аз модар буд, ки имдод намуданд фарде, ориёитаборе зи авлоди тоҷдороне ба майдони сиёсат, дар он солҳои яъсу ноумедӣ қадам гузораду, марзу бумро аз оташу нобудшавӣ ва миллатро аз прокандагӣ наҷот бахшаду ба лабҳои парсингбастаи ятимону бенавоён боз лабханди саршор зи шодиро боз гардонад, Пешвои миллати тоҷикони дунё – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Хушнудии мо дар ин рӯзҳо ҳадду канор надорад зеро, ки модарону бонувони мо дар шароити ниҳоят тези ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон бештар саъю талош намуда, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расида,- ин неъмати бебаҳои бадастовардаи миллатро чун ҷони хешу, чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд намуд.
Модарону бонувони арҷманд!
Дар ватани азизамон имсол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар ноҳияи Шуғнон, чун дар саросари Ватани маҳбубамон корҳои созандагӣ вусъати калон пайдо менамоянд. Бо боварии пурра метавон гуфт, бо Шумо Модарону бонувони гироқадр дастҷамъона, таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои бунёдкори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарифи н Шугнон, дар масири бузурги бунёдкорӣ гомҳои устувор гузошта, ҷашни бузурги миллиамонро яъне 35 солагии истиқлоли давлати ҶТ ро ба дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт.
Бо ин ниятҳои хайр мехоҳам бо як самимияту қадридонии бепоён, ҳамаи Шумо модарону бонувони азиз ва дар симои Шумо тамоми модарону бонувони кишвари маҳбубамонро ба муносибати Рузи модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустӣ, бахту иқболи баланд, хушбахтӣ ва рӯзгору осудаву ободро орзу менамоям.
Ва аз ашъори ёдовар мешавам, ки чӣ сон олӣ фармудаанд:
Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш, эй зан,
Бинмой зи иффату шараф ҷома ба тан.
Аз илму ҳунар вуҷуди худ зиннат кун,
То марди накӯ бипарварӣ дар доман.
Саодатёру хонаобод бошед, модарону бонувони арҷманд..!


















































































































































































































































































































































































































































































