Дар ноҳияи Шуғнон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи волейболи бонувон байни дастаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон оғоз гардид. 🌸🏐

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни занону духтарон ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни сокинони ҷамоатҳо мебошад.

Дар маросими ифтитоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони соҳаи варзиш иштирок намуда, ба варзишгарон барору комёбӣ орзу карданд.

Дар мусобиқа дастаҳои волейболи бонувон аз 7 ҷамоати деҳоти ноҳияи Шуғнон иштирок намуда, бо рӯҳияи баланд ва рақобати ҷолиб барои пирӯзӣ талош меварзанд.

Ғолибони мусобиқа дар анҷоми чорабинӣ бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. ✨