Ҳамватанони гиромӣ, аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори омма!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумоёнро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик менамоям. Матбуот яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа, инъикоси воқеияти зиндагӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳамасола 11-уми март дар кишвари азизи мо Рӯзи матбуот ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мегардад.

“Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳимму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад” қайд кардаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Шуғнон имрӯз рӯзномаи ягонаи маҳаллӣ — «Маърифати Шуғнон» фаъолият дошта, бо саъю талоши кормандони худ рӯйдодҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро ба сокинон мерасонад. Ин нашрия дар тарғиби арзишҳои миллӣ, боло бурдани маърифати шаҳрвандон ва муаррифии дастовардҳои мардуми шарафманди Шуғнон саҳми назаррас мегузорад.

Бо истифода аз ин фурсат ба тамоми кормандони рӯзномаи «Маърифати Шуғнон», рӯзноманигорон, мухбирон ва ҳамаи онҳое, ки дар рушди матбуот саҳм мегузоранд, изҳори сипос менамоям. Боварӣ дорам, ки Шумо минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият барои инъикоси воқеияти зиндагӣ ва пешрафти ҷомеа хизмат хоҳед кард.

Ба ҳамаи Шумоён сиҳатмандӣ, неруи тоза, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти касбӣ орзумандам.

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

Возможно, это изображение текст

Все реакции:

244Вы, Firuza Saidbekova, Рухзора Ошурбекова и ещё 241