Имрӯз чорабинии таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шуғнон Тайғунзода Гулнора бо кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия баргузор карда шуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши меҳмонон гардид.

Дар оғоз меҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ дидан намуданд. Зимни чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Шуғнон аҳли нишастро аз номи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил табрику таҳният гуфта зикр кард, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози корҳои ободонӣ ба шумор меравад. Таъкид карда шуд, ки таҷлили бошукӯҳи Наврӯз ба таҳкими анъанаҳои миллӣ ва боло бурдани рӯҳияи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи барнома ҳунармандони бахши фарҳанг бо суруду таронаҳо, рақсҳои миллӣ ва намоиши расму ойинҳои наврӯзӣ фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардониданд.

и ещё 42

Посмотреть статистику

Охват публикации: 5 445

Все реакции:

285Вы, Муслима Шакарбекова, Firuza Saidbekova и ещё 282