Зимни маросим саҳми кормандони рӯзнома дар инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия, инчунин нақши онҳо дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа махсус таъкид карда шуда кормандон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти масъулиятноки рӯзноманигорон дар рушди фазои иттилоотӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Кормандони рӯзнома барои чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои инъикоси воқеии рӯйдодҳои ноҳия ва хизмат ба ҷомеа бо масъулияти баланд фаъолият хоҳанд кард.