Санаи 11 марти соли равон дар ноҳияи Шуғнон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид, ки дар ин чорабинии муҳими ободонию сабзгардонӣ раиси ноҳияи Шуғнон, муҳтарам Шоисматуллозода Комил, инчунин кормандони идораву муассисаҳои ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар доираи ин иқдом барои зебо гардондани муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар кӯчаҳо ва қад-қади роҳи марказӣ ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ бо мақсади сабзгардонии муҳити атроф, ободонии маҳал ва ҷалби сокинон ба корҳои хайрхоҳонаю созанда роҳандозӣ гардида, минбаъд низ дар дигар ҳудудҳои ноҳия идома хоҳад ёфт. 🌿🌳