Дар муассисаи таълимии рақами 12 ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемури ноҳияи Шуғнон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар чорабинии идона омӯзгорон, хонандагон ва кормандони муассиса иштирок намуда, бо баргузории барномаи фарҳангӣ суннатҳои неки миллиро гиромӣ доштанд.

Зикр карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат барои мардуми тоҷик аҳамияти бузурги таърихиву фарҳангӣ дорад. Таъкид гардид, ки ҳифз ва тарғиби анъанаҳои неки миллӣ, махсусан дар байни насли наврас, яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи барнома хонандагон бо қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои ватандӯстона, саҳначаҳои ҷолиб ва рақсу таронаҳои миллӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Ҳамзамон намоиши дастовардҳои хонандагон ва гӯшаҳои идонаи Наврӯзӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ ва рамзҳои анъанавии Наврӯз ташкил карда шуд.

Ҷашни Наврӯз дар фазои дӯстиву шодмонӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён руҳияи болида бахшид ва аҳамияти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии халқамонро бори дигар таъкид намуд.