Дар доираи таҷлили ин иди бостонӣ дар ноҳияи Шуғнон низ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида, аз ҷумла намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки ҳунармандон ва сокинони ноҳия ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ ҳунармандони маҳаллӣ намунаҳои гуногуни ҳунарҳои дастиро ба маърази тамошо гузоштанд. Маҳсулоти ҳунарӣ, аз қабили гулдӯзӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, ҷуроббофӣ, муҳрабофӣ, намадмолӣ, палосбофӣ, дӯзандагии миллӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумӣ диққати меҳмонон ва иштирокчиёнро ҷалб намуд. Ин намоиш имконият фароҳам овард, ки меҳмонон бо фарҳанг, анъана ва маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо ба ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар мусоидат менамоянд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон медиҳад, ки мардуми ноҳия ба мероси фарҳангии ниёгон эҳтироми зиёд дошта, онро барои наслҳои оянда ҳифз ва рушд медиҳанд.