Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар маркази ноҳияи Шуғнон дави наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил кормандони идораву муассисаҳои ноҳиявӣ, ҷавонону наврасон, варзишгарон ва сокинони фаъоли ноҳия фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди идона масофаи муайяншударо тай карданд.
Дави наврӯзӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён рӯҳияи идона ва ҳавасмандии бештар барои машғул шудан ба варзиш бахшид.
Чорабинӣ бахше аз силсилаи тадбирҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мебошад, ки дар ноҳияи Шуғнон бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор мегарданд.






















































































































































































































































































































































































































































































