Санаи 15 марти соли равон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва ободонии маҳал, дар ноҳияи Шуғнон маъракаи калони ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил, кормандони идораву муассисаҳо, фаъолони ҷомеа ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории ин иқдом беҳтар намудани вазъи экологӣ, сабзазор гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар ҷараёни маърака дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сучон дар ду тарафи роҳи навбунёд садҳо бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни иштирок дар ин чорабинӣ таъкид намуд, ки чунин иқдомҳо дар татбиқи барномаҳои давлатии кабудизоркунӣ ва ободонии шаҳру деҳот нақши муҳим дошта, ба беҳтар гардидани муҳити зист ва зебогии маҳал мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки сокинони ноҳияи Шуғнон ҳамеша дар корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ фаъолона ширкат намуда, барои тозаву зебо нигоҳ доштани муҳити зист саҳми арзанда мегузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ масъулон ва сокинон изҳори боварӣ намуданд, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар оянда низ идома ёфта, ба ободии бештари ноҳия ва ҳифзи табиати нотакрори минтақа мусоидат хоҳанд кард.