Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон аз рафти корҳои сохтмонии купруки мошингузар дар деҳаи Манеми ноҳия дидан намуданд.

Зимни боздид ба раиси вилоят аз ҷониби масъулин ва мутахассисони соҳа оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, марҳилаҳои иҷрои лоиҳа ва аҳамияти иншоот маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки сохтмони кӯпрук барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт, осон гардидани рафтуомади сокинон ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақа аҳамияти калон дорад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи меъёрҳои техникиву муҳандисӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.