Бо мақсади сабзкорӣ, ободонии муҳити зист ва афзун намудани майдонҳои боғдорӣ дар деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, дар шинонидани дарахтони мевадиҳанда саҳм гузоштанд.
Бояд зикр намуд, ки боғи мазкур соли 2024 бунёд гардида, ҳадафи асосии он рушди соҳаи боғдорӣ, беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи ободонии маҳал мебошад, ки сол аз сол баҳраи хуб дода истодааст.
Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки рушди соҳаи боғдорӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва ободонии маҳал ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар боғи деҳаи Манем як қатор дарахтони мевадиҳанда шинонида шуда, барои нигоҳубини минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.






















































































































































































































































































































































































































































































