Дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, тантанаҳои идона дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос идома доранд. Ин навбат чорабинии идона дар деҳаи Шиҷозги ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сокинони деҳа, ҷавонон, занону бонувон ва фаъолони ҷамоат фаъолона иштирок намуда, бо руҳияи баланди идона аз суннату анъанаҳои неки ниёгон арҷгузорӣ карданд. Барномаи фарҳангӣ аз суруду рақсҳои миллӣ, саҳначаҳои ҷолиби ҳунарӣ ва намоиши таомҳои миллӣ иборат буда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардонид.
Ҳамзамон, дар доираи ҷашни Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи занону духтарони деҳа ташкил карда шуд, ки бозгӯи фарҳанги ғанӣ ва меҳнатдӯстии мардуми маҳаллӣ мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таъкид менамояд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон мусоидат менамоянд.
Тантанаҳои Наврӯзӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шуғнон низ бо барномаҳои рангини фарҳангӣ идома хоҳанд ёфт.






















































































































































































































































































































































































































































































