Дар чорабинии идона муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ иштирок дошта роҳбарият ва кормандони сохторҳои мазкур иштирок намударо, аз номи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо фарорасии фасли баҳор ва Соли нави аҷдодӣ табрику таҳният гуфтанд. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамбастагӣ ва оғози корҳои созандагӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни баргузории ҷашн дастархони идона ороста шуда, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла омода намудани таомҳои суннатӣ, ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва гиромидошти арзишҳои таърихии халқ мусоидат менамоянд.