Дар доираи тадбирҳои ободониву сабзгардонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Шуғнон маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло ва раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил баргузор гардид.

Зимни маърака дар ду тарафи роҳҳои байналмилалии ҳудуди ноҳия садҳо бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Иштирокдорон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар ободонии муҳити зист саҳми арзандаи худро гузошта, аҳамияти ҳифзи табиат ва сабзгардонии муҳитро муҳим арзёбӣ намуданд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шуғнон бо ҷалби васеи кормандони идораву муассисаҳо ва сокинон минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

206

25

2