Субҳи имруз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни сафари кории худ ба ноҳияи Шуғнон бо лоиҳаи даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни шиносоӣ ба роҳбарияти вилоят аз тарафи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил тарҳи меъморӣ ва нақшаи муфассали иншооти даромадгоҳ пешниҳод гардида, масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани симои меъморӣ, мутобиқати он ба талаботи муосир ва инъикоси арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд гардид, ки бунёди даромадгоҳи замонавӣ на танҳо ба зебоии ҳудуди ноҳия мусоидат намуда, балки ҳамчун рамзи истиқбол ва муаррифии фарҳангу тамаддуни сокинони Шуғнон хизмат хоҳад кард.
Дар идома ба масъулини соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати такмили лоиҳа, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва иҷрои он дар муҳлатҳои муайян дода шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷиҳати татбиқи босифат ва саривақтии лоиҳаи мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.






















































































































































































































































































































































































































































































