Санаи 11 апрели соли 2026 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар парки саноатии ноҳияи Шуғнон ба ин мавзеъ ташриф оварданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, ба масъулон ва сохтмончиён барои вусъат бахшидани корҳои бунёдкорӣ, риояи сифат ва муҳлатҳои муайяншуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, ба раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва соҳибкороне, ки дар сохтмони иншооти мазкур саҳм доранд, ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва сари вақт ба истифода супоридани парки саноатӣ супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Таъкид гардид, ки бунёди парки саноатӣ барои рушди иқтисодиёти маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.