Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил аз рафти фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ, ҳолати боғҳо ва истифодаи самараноки заминҳои корами деҳаи Пашор боздид ба амал овард.
Зимни боздид, ба масъулин ва кишоварзон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии замин, истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ, васеъ намудани майдони боғу токзорҳо ва рушди соҳаи моҳипарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад.
Масъулини маҳаллӣ уҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда чораҳои зарурӣ андешанд.






















































































































































































































































































































































































































































































