Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, дар ноҳияи Шуғнон ба бунёди боғи суперинтенсивӣ оғоз бахшида шуд.

Дар маросими оғози ин иқдоми муҳим Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Баҳром ва раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил иштирок намуданд.

Зимни боздид аз қитъаи замини ҷудогардида масъулон ба аҳамияти рушди боғдорӣ, истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати иҷрои корҳои бунёдӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарон ва иштирокдорон дар боғи навбунёд дарахтони мевадиҳанда шинонида шуда, ба оғози амалии лоиҳа ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бунёди боғи суперинтенсивӣ қадами муҳим дар самти рушди иқтисодиёти ноҳия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.