Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҷалби сокинон ба машғулиятҳои оммавии варзишӣ, дар ноҳияи Шуғнон машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии варзишӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва дӯстдорони варзиш фаъолона иштирок намуда, бо иҷрои машқҳои ҷисмонӣ рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносиро нишон доданд.

Ташкили чунин машқҳои оммавӣ ба таҳкими саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани қобилияти ҷисмонӣ ва ташаккули одатҳои солими зиндагӣ мусоидат намуда, ҳамзамон барои рушди фарҳанги варзиш дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.