Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ, дар қитъаи намоишии боғҳои деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон бо иштироки фаъолонаи сокинон ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳашар иштирокчиён қитъаҳои сабзавотро аз алафҳои бегона тоза намуда, ба зироатҳои киштшуда об монданд ва дигар корҳои агротехникиро ба анҷом расониданд. Ин иқдом ба нигоҳубини босифати зироатҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

















































































































































































































































































































































































































































































