Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар Парки саноатии ноҳияи Шуғнон бо маром идома доранд.
Айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисону сохтмончиён идома ёфта ҷараёни корҳо зери назорати роҳбарияти ноҳия қарор дошта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бунёди Парки саноатӣ яке аз иқдомҳои муҳими рушди иқтисодии ноҳия ба шумор рафта, дар оянда барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

















































































































































































































































































































































































































































































