Истиклолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 35-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо, аз як тараф, бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонад, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва Ваҳдати миллӣ мегардад.

Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани Қонуни танзим нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму ойинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросимҳои воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан, равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор шур. Ҳамзамон дар ин муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад.

Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросимҳо ва анъанаҳо аз насл ба насл гузашта дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир сомон доран хеле зарур аст.

Хамшираи калони тибби беморхонаи нохияи Шугнон Яздонкулова Зухро