Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам ободу зебо намудани муҳити зист, дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон ҳашари дастаҷамъона бо иштироки фаъоли сокинон, кормандон баргузор гардид.
Чунин иқдомҳои созанда нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва саҳмгузории сокинон дар ободии диёр буда, барои боз ҳам зебову назаррабо гардидани симои ноҳияи Шуғнон мусоидат менамоянд.

















































































































































































































































































































































































































































































