Дар натиҷаи тағйироти куллие, ки дар даҳ солаҳои охири асри XX дар ҷомеа ба амал омад, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ташкил ёфт. Ба туфайли соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон омўхтани таърихи ватан ва мақоми он дар ҷомеа то рафт меафзояд.
Имрўз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо кумаки амалии шоҳасари китоби «Тоҷикон « и академик Бобоҷон Ғафуров ватанро аз нигоҳи нав омўзад. Мусалламаст, ки ин интихоб воқеан ҳамеша ва аз ҳар ҷиҳат ҳам барои марҳилаи кунунӣ ва ҳам барои ояндаи давлати мо нақши сарнавиштсоз дорад. Хусусан барои халқи гузашта ранҷдидаи тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихиаш лаҳзаҳои фоҷиавиро аз саргузаронидааст, сарвар нақши ҳалкунанда мебозад. Сулҳу субот дар хонадонамон, беҳбудии мардум , шукуфоии давлат маҳз бо ҳамин интихоб вобастааст. Вазифаи асосии ў ҳифзи миллат ва кишвар аст, ки моҳияти ғояи милли мебошад. Мо бояд ба корҳое,ки Пешвои миллат Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқ, нигаҳдории тамомияти арзиши кишвар , дифо аз душманони дохиливу хориҷӣ, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, мубориза барои фасод, қонуншиканӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти манфӣ анҷом дода метавонад, итминони комил дошта бошем.
Танҳо имрўз, ки халқи тоҷик озодии ҳақиқиву истиқлолиятро ба даст овард, танҳо бо шарофати ҷидду ҷаҳди бузургии Президент Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарориву пойдории сулҳу ризоияти шаҳрвандӣ дар кишвар имконпазир шуд, ки бори аввал дар тамоми ҷаҳон ҷашнҳои байналмилалии 1100-солагии давлати Сомониён, соли тамадуни Ориёӣ , соли Рўдакӣ , 2500 солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кўлоб ва ғайра бо шукуҳ ва густурда таҷлил гарданд. Нахустин бор пас аз муддати зиёд, баъди Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов халқи тоҷик соҳиби чунин ходими ватандўсте чун Эмомалӣ Раҳмон шуд, ки моро ба сўи ҳадафи ниҳоӣ, ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу беҳбудӣ роҳнамоӣ мекунад.
Мо президенте дорем, ки пайгирона талошу кўшиш ба харҷ медиҳад то ба халқи худ ҳофизаи таърихиашро баргардонад.Ў инсонест, ки дар рўзҳои бениҳоят сахту фоҷиавӣ, вақте ки мухолифони мо қариб буд, ки куштори бераҳмонаву бемислу монанди халқи тоҷикро ба роҳ монанд, кишварро нобуд созанд ва моро боз ба фақирону ғуломонӣ асоратгаронӣ бегона табдил диҳанд, вақт давлатамонро ба ихтиёри ў супурд.
Дар давраи истиқлолияти мо ва сарварии Эмомалӣ Раҳмон олимони тоҷик барои худ ва халқашон аз нав таърихи ниёгон, корнамоиҳои ифтихоромезу қаҳрамононаи онҳоро ба тамаддун, илму фарҳанги ҷаҳон воқеъбинона арзёбӣ намудаанд. Вақте ки ба ин мақоми масъулиятнок дар шароити харобшавиву ноосоиштагӣ пешбарӣ мекунад, боз вазнинтар аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи фоҷиавӣ, вақте ки низоҳои хунрезии байни минтақавӣ дар авҷ ва ҳама чиз хароб шуда буд, барои роҳбарии давлат дар иҷлосияи ғайринавбатии ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурӣ номзадии Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд.
Ин ҳамон лаҳзае рух дод, ки ягон каси дигар хоҳиши роҳбари давлат шуданро надошт ва ҳатто касоне бурданд, ки барои аз уҳдаи чунин вазифаи душвор дар ин шароит баромадани касе бовар дошта бошанд. Ин гунна, ба истилоҳ «фидоия», ки ҳаёти худро ба хатари ҳалокатбор андозад, ҳатто дар байни нафароне, ки дар он замон даъвои ба мақоми волои сарварии давлат расиданро доштанд, ёфт нашуд.
Боз як хусусияти ин давра он буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кор дастгоҳи кормандонеро надошт, ки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ , ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя сатҳи баланди таҷрибаи кориро дошта бошанд.Дар ҷараёни омодагии созишномаи сулҳи байни тоҷикон маҳз мавқеи устувори худи Эмомалӣ Раҳмон ва дар айни замон паст назадани ҳисси масулияти раиси Комисияи оштии миллӣ С.А. Нурӣ дар назди халқи хеш нақши ҳалкунандаро бозид.
Таи 35 соли охир роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо принсипнокӣ, инсондўстӣ ва фаъолияти сулҳҷўёнааш эътибору эҳтироми бузургро чӣ дар кишвари худ ва чӣ дар хориҷ аз он соҳиб шуд.
Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ армуғон овард.
Сарчашмаи ин эътирофи ҷаҳониро метавон дар заминаи шинохти моҳият ва ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд, зеро тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони истиқлол, бавижа таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилонаи сарвари давлат маҳсуб мешавад. Натиҷаи ин сиёсат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар тамоми соҳати зиндагӣ ба вуқўъ пайваста, заминаҳои эҳёи миллӣ ва таҷаддуди кишвар фароҳам омаданд. Тоҷикистон имрўз дар миёни анҷумани давлатҳои мутамаддин ҷойгоҳи шоистаи хешро пайдо карда, ташаббус ва иқдомоти Президент аз ҷониби кишварҳои хурду бузург ва созмонҳои байналмилалӣ бо иродатмандӣ истиқбол мешаванд.
Президенти ҷумҳурӣ дар солҳои охир дар бунёдкориҳои фарҳангӣ низ ибтикороти ҷиддӣ нишон медиҳад. Дар солҳои истиқлолият дар кишвар садҳо иншоот барои бахшҳои маорифу фарҳанг бунёд гардидаанд, бо компютер таъмин гардиданд, китобхонаҳо сохтанӣ, шуданд, мактабҳои кишвар бо китобҳои дарсӣ тадобири таъмин гардиданд. Дар тўли роҳбари Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 150 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карданд. Ба шарофати тадбиқи сиёсати «дарҳои боз» ва муносибатҳои мутақобила бо кишварҳои дигар дар доираи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба обрўву эътибори Тоҷикистон сол аз сол баланд мешавад. Ташаббусҳои президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дасгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои бузургу созмонҳои байналмилалӣ, аз боло рафтани нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ба андешаи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои сарвари худ Президент Эмомалӣ Раҳмон барои рушти босуботу шукуфои минбаъда тамоми имкониятҳоро дорост.
1.Саҳми раиси ҷумҳур дар бораи қабул кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Талошҳои сарвари давлат дар муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон мебошад.
3.Ташаббус ва талошҳои Раиси ҷумҳур дар амалӣ гардидани ислоҳоти иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4.Саҳми Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти истиқлолияти Энергетикӣ ва рушти соҳаи саноат дар Чумҳурии Тоҷикистон.
5.Сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илм ва маориф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Найшакарзода Зуҳро мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон

















































































































































































































































































































































































































































































