Бо мақсади таъмини иҷрои босифати дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии ноҳия, ҷаласаи навбатии назоратии назди Раиси ноҳияи Шуғнон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти сохторҳои ноҳиявӣ, аз ҷумла таъмини тозагӣ ва ободонӣ, риояи интизоми меҳнат, рафти сохтмони майдончаҳои варзишӣ, кӯдакистонҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва тандурустӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия ба роҳбарони мақомоти дахлдор ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулият, риояи қатъии интизоми меҳнат, вусъат бахшидани корҳои ободониву тозагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳар як масъулин вазифадоранд бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри иҷрои босифати нақшаҳои пешбинишуда, таъмини рушди устувори ноҳия ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.

















































































































































































































































































































































































































































































