Дар ҷаҳони имрӯз, ки бархӯрди манфиатҳо, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои нав ба амнияти байналмилалӣ рӯ ба афзоиш доранд, масъалаи таҳкими сулҳ ва таъмини зиндагии осоишта барои наслҳои оянда ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ пайваста пешниҳодҳои созанда ва башардӯстонаро пешбарӣ менамояд.
Яке аз чунин ташаббусҳои муҳим пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳадафи асосии ин ташаббус муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо барои пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани зиндагии амну осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба масъалаҳои таълиму тарбияи сулҳ, рушди фарҳанги таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба раванди сулҳсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин ҳадафҳо бо муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳамоҳанг мебошанд.
Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 41-и Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Тавассути низоми таълиму тарбия ҷавонон бояд арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва роҳҳои ҳалли мусолиматомези ихтилофҳоро омӯзанд. Ин раванд барои ташаккули фарҳанги сулҳпарварӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла тундгароӣ ва ифротгароӣ, аҳаммияти калон дорад.
Ҳамзамон, моддаи 5-и Конститутсия дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, моддаи 34 давлатро вазифадор месозад, ки кӯдакону наврасонро таҳти ҳимояи махсус қарор диҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҷавонон аз таъсири андешаҳои ифротӣ, таъмини муҳити солими иҷтимоӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда аз самтҳои муҳими татбиқи ин ташаббус ба ҳисоб меравад.
Бо фарорасии як соли пурра аз пешниҳоди ин ташаббус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2025 таъкид намуданд:
«Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем. Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард. Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд.»
Ин суханон бори дигар собит месозанд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳу субот, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои созанда нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.
Дар баробари ин, саҳми занон дар таҳкими сулҳ ва суботи ҷомеа низ ниҳоят арзишманд мебошад. Занону модарон ҳамчун тарбиятгарони насли наврас дар ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги сулҳ ва ватандӯстӣ нақши муассир доранд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими сулҳи пойдор мебошад.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва арзишҳои давлатдории миллиро ҳифз намуда, барои ободии Ватан, рушди ҷомеа ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Танҳо бо иттиҳод, эҳтироми ҳамдигар ва тарбияи дурусти насли наврас метавон ҷомеаи пешрафта ва зиндагии осоиштаро барои ояндагон таъмин намуд.
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як далели равшани сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амалӣ гардидани ин ташаббус метавонад барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзаву оянда заминаи устувор фароҳам оварад.
Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон
Гулмамадова Налима


















































































































































































































































































































































































































































































