Имрӯзҳо барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархундаи мо ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҳамаи мо дар арафаи 35-умин солгарди ин ҷашни бузург қарор дорем. Аммо ин санаи таърихӣ дар адабиётҳои имрӯза то ба имрӯз таҳлили дурусти худро наёфта, ба тарзи гуногун интишор ёфтааст. Аз ҷумла «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ… «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуда, рӯзи 9-уми сентябр соли 1991-ро чун рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, «Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро рӯзи истироҳат эълон кард. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, даъвати XII Эъломияро дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул кард ва он санаи тавлиди Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста шуд.

Иҷлосияи Шӯрои Олӣ якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул гардида ба Конститутсияи (Қонуни асосии) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид гардиданд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони шӯравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора канда шудани ин риштаҳо барояшон оқибатҳои ногуворро ба бор меовард. Аз тарафи дигар, равиши ҷаҳони муосир аз хусуси бо ҳам наздикшавии давлатҳо ва халқҳо далолат медод. Бинобар ин ҳам дар Изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, … бастани Шартнома дар барои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёрро дастгирӣ менамояд.

Изҳорот сиёсати оянда мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ» баромад мекунад.2 Яъне, аз ин нуқта бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ сиёсати хориҷиашро худаш муайян намуда, онро мустақилона ташкил менамояд.

Яъне, дар Изҳороти қабул гардида, аз як тараф истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориҷӣ соҳибистиқлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоҳ доштани фазои ягонаи иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр…» будани Ҷумҳуриҳои Тоҷикистонро хотиррасон намудааст.

Матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқолоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, «бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳукуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистонро мувофиқи мақсад дониста, рӯзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 –ро иди миллӣ ва рӯзи ид эълон намуданд.

Ягона қонуни қабул кардаи иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) амалкунандаи ҷумҳурӣ дахл дошт.

Сармутахассиси Маркази хизматрасонии

иҷтимоии ноҳияи Шуғнон Алифбекова Нилуфар

Нет описания фото.