7 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор гардид. Ҷаласа мутобиқ ба талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда доир карда шуд.
Дар кори маҷлис Тайғунзода Гулнора – муовини раиси ноҳияи Шуғнон, Қазоқов Собирҷон – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми сол;
натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва саҳми вакилони ҳизбӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ»;
тасдиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон барои нимсолаи дуюми соли 2026;
натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди «Обуна-2027» ба нашрияҳои ҳизбӣ;
тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои нави ибтидоии ҳизбӣ;
масъалаҳои ташкилӣ.
Аз рӯйи масъалаи аввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Шохуррамов Машраб бо ҳисоботи муфассал баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷориро мавриди таҳлил қарор дод. Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон дар давраи ҳисоботӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, минбаъд низ барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур инчунин намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» Амирбек Шараф Ҷонибек суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилоти ҷавононро натиҷагирӣ кард ва ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон аз ҳавзаи интихоботии Нишусп №12 Хоникова Мавҷигул баромад намуда, саҳми назарраси вакилони ҳизбиро дар корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Ҳамзамон нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон барои нимсолаи дуюми соли 2026 ба баррасии аъзои Кумита пешниҳод гардида, пас аз муҳокима бо қарори дахлдор тасдиқ карда шуд.
Доир ба масъалаи фаъолияти Ситоди «Обуна-2027» сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Хишолова Фазила гузориш дода, натиҷаҳои корҳои анҷомдодаро шарҳ дод. Ҳамчунин қарорҳои таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоии ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар идомаи маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Қазоқов Собирҷон ва собиқадори ҳизб Раҷабеков Сарадбек низ суханронӣ намуда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва саҳми фаъолони ҳизб дар рушди ҷомеа андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор собиқадорон ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷавонони фаъоли ноҳияи Шуғнон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ ва нишони сарисинагӣ супорида шуд.
Дар анҷом ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд ва кори маҷлис анҷомёфта эълон гардид.

















































































































































































































































































































































































































































































