Дар ноҳияи Шуғнон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни дастаҳои бонувон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни занону духтарон, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунин мусобиқаҳо ба рушди варзиши оммавӣ ва ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба машғулиятҳои варзишӣ мусоидат мекунанд.
Интизор меравад, ки мусобиқа дар фазои рақобати солим баргузор гардида, дар анҷом дастаҳои ғолиб бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шаванд

















































































































































































































































































































































































































































































